Семинари илмӣ дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Санаи 3 сентябри соли 2025 дар асоси супоришҳои роҳбарияти Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқшуда дар Филиали Агентии вилояти Суғд, семинари навбатии илмӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020–2040” ва татбиқи “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ барои солҳои 2021–2030” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур лаборанти калони сектори илмӣ-таҳқиқотии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд, Раҳимӣ Шукур дар мавзӯи “Таркиби элементии аэрозол, хок ва растаниҳо дар ҳавзаи техногипергенези қаторкӯҳи Курамаи Тоҷикистон” баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки радионуклидҳо аз минтақаҳои техногенӣ бо аэрозолҳои ҳавои атмосферӣ дар ҳолати конденсатсионӣ ҳаракат карда, хок ва растаниҳоро дар ҳавзаи гипергенези қаторкӯҳи Курама ифлос мекунанд ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.
Ҳадафи асосии ташкили чунин семинарҳо баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии олимони ҷавон ва ҷалби онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ мебошад. Баргузории чунин семинарҳо дар Филиали Агентии вилояти Суғд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.